14 Май 2024 - 20:44
Оё Амрико хоҳад тавонист ҷануби шарқи Осиёро ба ошуб бикашонад?/ нигаронии баҳаққи мардуми Индонезия

Порс тудей-Бар асоси як назарсанҷӣ дар Индонезия, беш аз 60 дарсади мардуми ин кишвар гуфтаанд, ки ба нақши амниятии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар ҷанубу шарқи Осиё боварӣ надоранд.

Давлати Байден аз замони рӯйи кор омаданаш тамаркузи худро бар ҷанубу шарқи Осиё ташдид карда ва ин минтақаро ба унвони як минтақаи калидӣ барои стратегияи Иёлот Муттаҳида медонад. Минтақаи калидӣ барои гурӯҳҳои кӯчаке монанд quad, aukus ва равобити сеҷонибаи Иёлоти Муттаҳида, Япония ва Филиппин. Амре, ки рақобат байни қудратҳои бузург дар минтақаро ташдид ва кишварҳои ҷанубу шарқи Осиёиро амиқан нигарон кардааст.

 Аз назари стратегия ва амнияти минтақаӣ Амрико таҳаррукоти амниятӣ дар кишварҳои ҷанубу шарқи Осиёро густариш додааст. Бар асоси иттилооти мунташиршуда тавассути муассисаи «Лоуи»-и Австралия, кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё дар маҷмӯъ 525 размоиши низомии муштараки дуҷониба ё чандҷониба аз соли 2021 то 2023 баргузор карданд, ки Амрико дар 33 дарсад аз онҳо ширкат кардааст.

Дар Индонезия ҳудуди 60.7 дарсад аз посухдиҳандагон дар як назарсанҷӣ гуфтаанд, ки ба нақши амниятии Иёлоти Муттаҳида дар минтақаи ҷанубу шарқи Осиё эътимод(боварӣ) надоранд ё эътимоди каме доранд.

Сабаби аслӣ ин аст, ки рафтори Иёлоти Муттаҳида нишон медиҳад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қасди коҳиши нигарониҳои амниятии минтақаро надорад. Балки ҳадафи он густариши тафаккури "таҳдид будани Чин" аст, ки фурсате медиҳад ба Амрико то рақобати "низомӣ" дар минтақа ва нигарониҳои амниятии кишварҳои минтақаро шиддат бахшад.

 Аз назари ҳамкории иқтисодӣ агарчи давлати Байден ipef-ро роҳандозӣ кард, аммо натоиҷи музокирот ноумедкунанда аст ва мумкин аст умедҳо барои таомули наздиктар бо Иёлоти Муттаҳидаро низ коҳиш диҳад.

 Иқдомоти Амрико ба равшанӣ сабаби таҳмили чолишҳои нав дар ин минтақаи нисбатан ором шудааст. Ҳамчунин ба таври қобили таваҷҷуҳе бар чорчуби ҳамкории чандҷонибаи иқтисодии минтақаӣ бо меҳварияти АСЕАН таъсир гузоштааст.

 Лозим ба зикр аст, ки минтақаи ҷанубу шарқи Осиё меъёрҳои хосси худро дорад ва ниёзманди пайвандҳои қавии дарунӣ монанди «АСЕАН» аст, ки зимни ҳифзи қотеъонаи сулҳ минтақаӣ ва тавсеаи мутақобил, бар нақши марказии худ дар умури минтақаӣ ва аҳамияти ҳифзи таодули пӯё байни қудратҳои бузург таъкид мекунад.

 Пайвандҳои дарунӣ аз тариқи АСЕАН табиатан ба ҳеҷ қудрати бузурге иҷозаи нуфузи мусаллат дар минтақаро намедиҳд ва мӯҷиби тобоварӣ ва муттаҳидсозии кишварҳои узви худ мешавад.

 Таомулоте ҳамчун АСЕАН агар ҷиддӣ гирифта шавад намегузорд, кишварҳои узваш ба омилҳо ё дастнишондагони ҳеҷ қудрати бузурге табдил шаванд.


342/